ХИЗМАТРАСОНИҲО ДАР САМТИ ТАҲИЯИ ПАРВАНДАҲОИ ЗАМИНСОЗӢ
Вобаста намудани қитъаи замини объекти хусусигардонидашуда бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ариза (дархост) оид ба вобаста намудани қитъаи замини объекти хусусигардонидашуда ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ муроҷиат менамоянд. Ба ариза (дархост) ҳуҷҷати ҷойгиршавии бинои хусусигардонидашуда, қарори қаблии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани қитъаи замин мутобиқи салоҳияташон замима карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби мақомоти маҳаллии заминсозӣ баррасӣ гардида, барои бо тартиби муқарраргардида барои таҳия намудани парвандаи заминсозӣ ба КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад.
- Парвандаи заминсозӣ ҳуҷҷатҳои зеринро дарбар мегирад:
- - аризаи (дархости) шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- - шартномаи хариду фурӯш, қарори мақомоти ваколатдор;
- - шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият;
- - қарори қаблан қабулкардаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи салоҳияташон;
- - лоиҳаи объекти хусусигардонидашуда (агар лоиҳаи объекти мазкур мавҷуд бошад);
- - санади вобастакунӣ ва муайян намудани сарҳади замине, ки дар он объекти мазкур хусусӣ гардонида шудааст;
- - нусха аз харитаи заминистифодабарӣ бо нишон додани қитъаи замини объекти хусусигардонидашуда;
- - протоколи гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ дар маҳал;
- - нақшаи графикии қитъаи замини объекти хусусигардонидашуда, бо нишон додани сарҳади гузариш.
Парвандаи заминсозӣ дар ҳолате таҳия карда мешавад, ки агар ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта нашуда бошад.
Дар ҳолати ба қарори қаблан қабулгардида мутобиқат накардани (тағйир ёфтани) қитъаи замин, аризаи (дархости) шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои вобаста намудани объекти хусусигардонидашуда ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Ҳангоми иваз шудани соҳибмулки объект ва гузариши ҳуқуқ ба объект, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- - шартномаи хариду фурӯш, ҳадя, мубодила ва шартномаи ҳуқуқ ба мерос гузаштан;
- - санади муоинаи қитъаи замин;
- - нақшаи дар маҳал муайян намудани сарҳади қитъаи замин.
- Ҳуҷҷатҳои мазкур ба парвандаи қаблӣ ҳамроҳ карда мешавад.
Додани қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ариза (дархост) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) муроҷиат намуда, дар ариза (дархост) мақсади истифодаи қитъаи замини дархостшаванда, андоза ва маҳалли ҷойгиршавии он нишон дода мешавад.
Ариза (дархост) ба комиссияи доимо амалкунандаи ноҳия (шаҳр), ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шудааст, барои баррасӣ ва интихоб намудани қитъаи замин ирсол карда мешавад.
Аз ҷониби комиссия қитъаи замин интихоб гардида, ба он санад бо маълумотҳои ҳолати ҳуқуқии қитъаи замин (намуди ҳуқуқи истифодабарӣ), мавҷудияти маҳдудиятҳо (гарониҳо) ва мавҷудияти ҳуқуқи моликии дигар шахсон, инчунин нусха аз нақшаи заминистифодабарӣ тартиб дода шуда, тасдиқ карда мешавад. Пас аз он, розигии заминистифодабаранда гирифта шуда, қарор ё протоколи он илова карда мешавад. Дар ҳолати муайян намудани қитъаи замини ҷудошаванда ва мувофиқа намудани он бо намояндагони идораҳои дахлдор, бо пешниҳоди раиси кумитаи идораи замини ноҳия (шаҳр) барои қабули қарор оид ба додани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои тартибдодашуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кумитаи идораи замини ноҳия (шаҳр) барои тартиб додани парвандаи заминсозӣ бо тартиби муқарраргардида ба КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад.
- Парвандаи заминсозӣ аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат мебошад:
- - аризаи (дархости) шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- - протоколи маҷлиси умумии заминистифодабарандагон (қарор ё нусха аз протокол);
- - лоиҳаи сохтмони иншоот (агар қитъаи замин бо мақсади ғайрикишоварӣ пешбинӣ шуда бошад);
- - санади интихоби қитъаи замин;
- - нусха аз харитаи заминистифодабарӣ бо нишон додани сарҳади қитъаи замини дархостшаванда;
- - лоиҳаи рекултиватсияи минбаъдаи қитъаи замин (гирифтани қабати ҳосилхези хок ва кучонидани он ба заминҳои каммаҳсул ва бемаҳсул бо мақсади беҳтар намудани ҳолати заминҳои кишоварзӣ);
- - санад дар бораи талаф вобаста ба гирифтани қитъаи замин аз гардиш ва ҷуброни зарари заминистифодабаранда (дар ҳолати гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ);
- - хулосаи мақомоти ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раёсати кишоварзӣ ва дигар идораҳо (дар ҳолати зарурӣ комиссия муайян мекунад);
- - маълумотномаи идораи дахлдори минтақавии геологӣ дар бораи мавҷуд будани маъданҳои фоиданок (дар ҳолати гирифтани қитъаи замин барои истихроҷи канданиҳои маъданӣ);
- - санади арзиши сохтмонҳо ва ниҳолҳои ҳар як ҳавлие, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошад (дар ҳолати гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон);
- - пешниҳоди мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) ба раиси ноҳия (шаҳр);
- - қарори раиси ноҳия (шаҳр) оид ба додани қитъаи замин;
- - протоколи гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ дар маҳал;
- - нақшаи заминистифодабарӣ бо нишон додани сарҳади қитъаи замин;
- - ёддошти эзоҳӣ ба парвандаи заминсозӣ бо имзои иҷрокунандаи он.
Раиси ноҳия (шаҳр) маводи мазкурро баррасӣ намуда, қарор оид ба додани қитъаи заминро қабул менамояд.
Доир ба масъалае, ки ба салоҳияти ӯ дохил намешавад, қарори қабулнамуда ва маводҳои заминсозиро бо мактуби эзоҳотӣ ба мақомоти болоӣ ирсол менамояд. Раисони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои баррасӣ ва пешниҳод намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин мефиристанд ва раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо тартиби дар боло овардашуда пешниҳод менамоянд.
Истифодабарии қитъаи замин танҳо баъд аз ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ва ба қайди давлатӣ гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин шурӯъ мегардад.
Парвандаи заминсозӣ оид ба ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат мебошад:
- - аризаи шаҳрванд (саҳмдор) ба Раиси ноҳия (шаҳр) оид ба додани қитъаи замин;
- - санади интихоби қитъаи замин;
- - нусха аз нақшаи заминистифодабарӣ бо нишон додани соли нашр, номгӯи нақша, андоза ва рақами тарҳи замин, инчунин сарҳади қитъаи замини ҷудошаванда ва рақами кадастрӣ;
- - маълумоти мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) оид ба саҳми замин (дар ҳолати надоштани Шаҳодатномаи саҳми замин);
- - пешниҳодоти мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) ба Раиси ноҳия (шаҳр) оид ба додани қитъаи замин;
- - қарори Раиси ноҳия (шаҳр) оид ба додани қитъаи замин;
- - протоколи гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ дар маҳал (дар асл);
- - нақшаи гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ дар маҳал (дар асл).