МАЪЛУМОТ
оид ба натиҷаи фаъолияти КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он дар нимсолаи якуми соли 2026
Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Оиннома ва нақшаи кории Корхона ба роҳ монда, корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.26, №АП-960 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” барои соли 2026 таҳия ва бо фармоиши директори Корхона аз 16.01.26, №18 тасдиқ гардида, воҳидҳои сохтори Корхона вазифадор гардидаанд, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаро таъмин намоянд.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Корхона барои соли 2026, санаи 29.01.26 оид ба шарҳу тавзеҳи дастуру супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, вохӯрӣ дар реҷаи видеоконференсия бо коллективи кормандони КВД “БММҒ” ва КДФ “БММҒ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намуд.
Чунин вохӯриҳо аз тарафи намояндагиҳо якҷоя бо кумитаҳои идораи замин вилоятҳо бо коллективи ташкилотҳои минтақавии бақайдгири давлатӣ ва кумитаҳои идораи замин дар вилояти Хатлон 06.02.26, ВМКБ 12.02.26 ва вилояти Суғд 18.02.26 доир гардиданд
Ҳамзамон, санаи 30.01.26 Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин, мушовири адлияи дараҷаи III Мирзоев К. вобаста ба шарҳу тавзеҳи дастуру супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2025 ироа гардидаанд, бо коллективи кормандони Корхона вохӯрӣ баргузор намуд.
КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” бо мақсади пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар соҳаи замин, такмилу тақвият бахшидан ба қонунгузории соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва дигар соҳаҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба танзим медароранд мунтазам чораҳои дахлдор меандешад.
Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюми солҳои 2026-2030 барои соли 2026 бо фармоиши директори КВД "Бақайдгирии молу мулки rайриманқул" аз 10.04. 2026, №94 тасдиқ карда шудааст.
Корхона оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2026 аз 25. 05 соли 2026, №02/13/13-2095 ба Кумитаи давлатӣ маълумот пешниҳод намуд.
Нақшаи чорабиниҳои Корхона аз 17 банд иборат буда, мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.21, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюми солҳои 2026-20230, барои соли 2026, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 8 апрели соли 2026, №27 тасдиқ шудааст, таҳия карда шудааст.
Фармоиши зикршудаи директор ва Нақшаи чорабиниҳои Корхона ба директорони Намояндагиҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол ва тавсия дода шуд, ки нақшаи кории дохилиидоравии худро бо дарназардошти бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи марказӣ таҳия ва тасдиқ намоянд.
Мутобиқи бандҳои 2, 3 ва 5 фармоиши зикршудаи директори Корхона мутаносибан мутасаддиёни таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба зиммаи муовини директори Корхона ва нақшаи дохилиидоравии корхонаҳои тобеъ ба зиммаи директорони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вогузор карда шудааст.
Мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” маҷмӯи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он якҷоя бо мақомоти омори ҷумҳурӣ таҳия гардида, бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.01.26, №12 ва фармоиши директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.26, №9 тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд.
Лоиҳаи нархномаҳо барои анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, корҳои заминсозӣ ва кадастри замин, корҳои баруйхатгирии техникӣ дар таҳрири нав бо назардошти тағйиру иловаҳо омода гардида, мавриди баррасии роҳбарияти Корхона қарор дорад.
Дар сомонаи Корхона муроҷиати электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷой дода шуд, ки он ба таври худкор ба почтаи электронии info@registr-ni.tj ирсол мегардад. Инчунин барои дастрасии омма номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа ҷойгир карда шудаанд.
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Корхона санаи 05.02.26 дар барномаи телевизионии “Дар мавзуи рӯз”-и Телевизиони Тоҷикистон вобаста ба тартиби бақайдгирии давлатии ҳуҷраи истиқоматӣ дар бинои баландошёна иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани тасарруф ва ҳолатҳои дигари коррупсионӣ ҳангоми истифодаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва тақвият додани низоми электронии пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ва бо меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ намудани фаъолият низ корҳои назаррас анҷом дод.
Дар натиҷаи мутамарказгардонии маълумоти муҳосибии ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ ва ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ тавассути барномаи электронии муҳосибӣ «1С-Корхона», кори муҳосибӣ шаффоф гардида, доду гирифти маълумотҳо ва кори мутахассисони соҳаи муҳосибӣ беҳтар гардид.
Нақшаи кории Корхона барои соли 2026 бо фармоиши директори Корхона аз 30 декабри соли 2025, №445 тасдиқ гардида, сардорони воҳидҳои сохтории Корхона вазифадор гардиданд, ки иҷрои онро таъмин намоянд.
Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586 аз 22.06.23 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ бо таҷҳизотҳои зарурии қабул ва пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои муздноки соҳа - ПОС-терминалҳо ва бо QR-рамзҳо таъмин гардида, маблағи пардохти хизматрасониҳо ва хироҷ ба буҷет дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути онҳо амалӣ карда мешавад.
Тибқи фармони директори КВД “БММҒ” аз 05.10.23, №282 дар Корхона нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои фармони мазкур тасдиқ гардида, комиссияи дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст.
Дар низоми Корхона автоматикунонии муомилоти ҳуҷҷатҳо вобаста ба пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои музднок, қабул ва интиқоли корҳои хизматрасониҳои музднок бо ёрии системаи пардохтҳои ғайринақдии бонкҳои шарики ҶСП “Пардохти ҳушманд” ба роҳ монда шуда, аз 03.06.24 дар тамоми ташкилотҳои минтақавии бақайдгирӣ мавриди истифода қарор дорад.
Бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон №29 аз 08.04.25 ба “Нархномаҳо барои пешниҳод намудани иттилот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникии бо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он алоқаманд” тағйирот ворид карда шуд, маблағи кору хизматрасониҳо ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
Номгӯй ва арзиши ҳама намуди хизматрасониҳои давлатие, ки аз тарафи КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии дар сомонаи Корхона www.baqaydgiri.tj ҷойгир карда шудааст.
Баҳри амалисозии босамари “Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.22, №378 тасдиқ гардидаст, аз тарафи Корхона чораҳои саривақтӣ андешида шуд.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳо маблағи умумии барнома 10 600 000 сомонӣ ташкил медиҳад, ки манбаи маблағгузории он аз ҳисоби ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ 8 млн. 900 ҳазор ва аз ҳисоби сармоя ва дигар сарчашмаҳо – 1 млн. 700 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар соли 2025 маблағи иҷрои корҳо ва таҷҳизоти харидоришуда 7 677 522 сомонӣ, аз он иҷрои корҳои сохтмонии биноҳои маъмурии ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ 2 039 005 сомонӣ, харидории таҷҳизоти муосири геодезӣ 377 446 сомонӣ, таҷҳизоти компютерӣ 4 188 005 сомонӣ ва харидории таҷҳизот барои серверҳо 973 643 сомонӣ ва барои такмили барномаи Низоми иттилоотии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (НИБ) 99 423 сомонӣ ташкил дод, ки он 349% иҷро гардид.
Дар умум аз маблағи умумии барнома (10 600 000 сомонӣ) иҷрои корҳо ва харидории таҷҳизот дар солҳои 2022-2026, маблағи 29 254 175 сомонӣ ё 276% ташкил медиҳад.
Мактуби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.06.2026, №3-10/3/24 оиди ҳолати иҷрои ҳуҷҷатӣ банақшагирии стратегии “Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2026”, барраси шуда аз 16 июни соли 2026, №02/15-608 ба ҷаласаи Гурӯҳи корӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид
Дар санаи 21.06.2026 дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ дар Вазорати рушди иҷтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагии ДиПҶТ раванди тадбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлати мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Баъди баргузор гардидани ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Гурӯҳи корӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.2026, №02/15-628 маълумоти таҳлили пешниҳод гардид, ки баъди мувофиқа бо Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамоянд.
Ҷиҳати иҷрои банди 44 нақшаи корӣ бо фармоиши директори Корхона аз 14.04.2026, №96 Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031” таъсис дода шуд.
Айни замон Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031” таҳия ва бо роҳбарияти Корхона мувофиқа шуда дар баррасии гурӯҳи корӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи бақайдгирӣ тавассути Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар маҷмӯъ 287 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мактубҳо аз вазорату идораҳои давлатӣ ворид гардиданд, ки аз ин 46 адад дар ҳолати баррасӣ қарор дошта, боқимонда 241 адади он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баррасӣ гардида, дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ ба муроҷиаткунадагон ҷавоб гардонида шуд.
Инчунин тавассути Низоми иттилоотии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (НИБ) 26 адад дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба гирифтани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 19 дархостҳо қонеъ карда шуда, ба дархосткунандагон иттилоот оид ба объекти ба шахсони алоҳида таалуқдошта дода шуд, нисбати 7 адади онҳо бинобар сабаби пардохт накардани маблағи хизматрасонӣ анҷомдиҳии амалиётҳои бақайдгирии давлатӣ рад карда шуд.
Дар асоси талаботи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз ҷониби бақайдгирандаи Корхона, 5 адад амалиёти бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замини объектҳои таъиноти махсус анҷом дода шуда, муроҷиаткунандагон бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин карда шуд.
Бо мақсади иҷрои банди 6-и нақшаи кории корхона дар асоси фармони директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” аз 21 январи соли 2026, №21 оид ба тасдиқи нақшаи баргузории вебинарҳои омӯзишӣ барои соли 2026 аз ҷониби шуъба 2 маротиба аз ҷумла моҳи феврали соли ҷорӣ дар мавзӯъҳои “Тартиби ҳисоби Нархномаҳои (сметаҳои) хизматрасонӣ вобаста ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани иттилоот аз феҳристи ягонаи молу мулки ғайриманқул” ва Меъёрҳои хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул дар соли 2026 ба дарназардошти зиёд гардидани андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо тариқи маҷозӣ бо истифода аз барномаи компютерии “Zoom” бо иштироки кормандони шуъбаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда шуд.
Инчунин оид ба Лоиҳаи “Нархномаҳо барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқии бо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он алоқаманд” ва тағйиру иловаҳои воридгардида дар Низоми иттилоотии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар нимсолаи сипаригардидаи соли ҷорӣ низ тариқи маҷозӣ бо истифода аз барномаи компютерии “Zoom” бо иштироки кормандони шуъбаҳои баҷайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда шуд.
Дар асоси талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, “Тартиби баргузории атестатсияи бақайдгирандагон” ва фармоишҳои директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” 17 апрели соли 2026, №98 ва аз 22 апрели соли 2026, №105 дар давраи ҳисоботӣ як маротиба курси омӯзишӣ барои довталабон ба вазифаи бақайдгирада санаҳои 20-24 апрели соли 2026 доир карда шуд, ки дар он аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 нафар довталабон иштирок намуданд.
Мувофиқи протоколи комиссияи атестатсионии довталабон ба вазифаи бақайдгиранда аз 30 апрели соли 2026, №2, 31 нафар мувофиқ ва 7 нафар номувофиқ дониста шуданд.
Феҳристи электронии бақайдгирандагони ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи шуъбаи бақайдгирии Корхона пеш бурда мешавад. Дар давраи ҳисоботи 189 нафар бақайдгирандагон (КВД “БММҒ”- 1, вилояти Хатлон- 57, Суғд- 56, ШНТҶ- 67 ва ВМКБ- 8) нафар фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо аз аттестатсияи далхдор гузаронида шудаанд.
Барномаи бознависишудаи “Низоми иттилоотии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (НИБ) дар тамоми ташкилотҳои минтақавии бақайдгирӣ мавриди истифода қарор дода шуда, аз санаи 04.02.25 анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул тариқи низоми мазкур сурат мегирад.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 мутахассисони шуъбаи барномасозӣ ва технологияҳои инноватсионии Корхона Низоми идоракунии кадрӣ ва Низоми идоракунии молиявиро таҳия намуданд.
Айни замон ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ-ро ба низомҳо пайваст намуда, ҷиҳати кор бо низомҳо ба мутахассиосни масъул омӯзишҳо гузарониданд.
Мутахассисони шуъба тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2025, № 1046 “Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ” пас аз даъвати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохурӣ бо роҳбарияти он Нақшаи амал оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии соҳаро барои соли 2026 таҳия ва пешниҳод намуданд. Баъд аз ба имзо расидани Нақшаи амал хизматрасониҳои соҳа марҳила ба марҳила дар Портали хизматрасониҳои давлатӣ https://ekhizmat.tj/ дастрас мегарданд.
Дар заминаи Низоми идоракунии кадрӣ феҳристи электронии кормандони Корхона ва ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар аввал маълумоти кормандони Корхона ва баъдан марҳила ба марҳила маълумоти кормандони корхонаҳои тобеъ ба низоми мазкур ворид карда мешавад.
Феҳристи электронии кормандони ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ ва ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ бо мақсади дуруст ба роҳ мондани назорати расмиёти таъин ва аз вазифа озод намудан, гузаронидани таҳлили мутобиқати таҳсилоти кормандони ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ, бо фармоиши директори КВД “БММҒ” аз 01.10.24 таъсис дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ вебинарҳои омӯзишӣ тибқи нақшаи бо фармоиши директори КВД “БММҒ” №21 аз 21.01.26 тасдиқгарида, бо иштироки муовинони директор ва мутахассисони дастгоҳи марказии Корхона вобаста ба масоили бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, заминсозӣ, баруйхатгирии техникӣ, истифодаи нархномаҳои хизматрасонӣ ва барномаҳои электронии соҳавӣ, аз ҷумла модулҳои нави заминсозӣ ва баруйхатгирии техникӣ бо кормандони корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ баргузор гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 18902 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (вилояти Суғд – 4327, ВМКБ – 616, вилояти Хатлон – 8340, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 5619), аз он 1330 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (вилояти Суғд – 414, ВМКБ – 82, вилояти Хатлон – 573, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 261), 31 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ (вилояти Суғд – 0, ВМКБ - 10, вилояти Хатлон – 10, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-11), 13286 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (вилояти Суғд – 2855, ВМКБ – 174, вилояти Хатлон – 6348, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3909), 302 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ (вилояти Суғд – 95, ВМКБ – 23, вилояти Хатлон – 72, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 112), 3953 адад дигар намуди қитъаҳои замин (вилояти Суғд – 963, ВМКБ – 327, вилояти Хатлон – 1337, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1326 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардиданд.
Дар ҳамин давра 30452 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, аз он дар вилояти Суғд – 7756, ВМКБ – 777, вилояти Хатлон – 7188 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 14731 адад ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Инчунин, 2971 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои ҳуқуқ) ба молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд – 643, ВМКБ – 321, вилояти Хатлон – 735 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1272), 39 адад қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд-24, Хатлон-13 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –2 ), 1739 адад қатъи маҳдудиятҳои гарониҳои ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд- 396, ВМКБ – 20, Хатлон – 399, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 924 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Ҳамзамон, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он 22111 адад, аз он вилояти Суғд – 4113, ВМКБ – 467, вилояти Хатлон – 3693 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 13838 адад иттилоот дода шуд.
Тибқи Низоми иттилоотии бақайдгирӣ (НИБ) дар давраи ҳисоботӣ ба ташкилотҳои минтақавии бақадгирии давлатӣ 24550 адад ариза оид ба омода намудани парвандаи заминсозӣ ворид гардид, ки аз он 9582 адад бо маблағи 10514927,47 сомонӣ корҳо иҷро шудааст, ки он 39%-ро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла дар вилояти Суѓд – дар умум 4967 адад, аз он 1975 адад ба маблағи 2 млн. 819 ҳазору 734 сомонӣ, ё 39,8 %, вилояти Хатлон – дар умум 10603 адад, аз он 4039 адад ба маблағи 3 млн. 990 ҳазору 144 сомонӣ ё 38,1 %, ВМКБ - дар умум 829 адад, аз он 165 адад ба маблағи 212 ҳазору 649 сомонӣ ё 19,9 % ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – дар умум 8151 адад, аз он 3403 адад ба маблағи 3 млн. 492 ҳазору 398 сомонӣ ё 41,7 %.
Ба шуъбаи таҳияи парвандаҳои заминсозии КВД “БММҒ” дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳамагӣ 62 парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани замин ворид гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи Низоми иттилоотии бақайдгирӣ (НИБ) ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ дар самти барӯйхатгирии техникӣ, ба миқдори 44510 адад корҳо ба маблағи 39 млн. 775 ҳазору 194 сомонӣ иҷро шуданд, ки аз он 18940 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ ба маблағи 21 млн. 611 ҳазору 36 сомонӣ, 13822 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ ба маблағи 14 млн. 487 ҳазору 332 сомонӣ ва 11748 адад дигар намуди корҳо ба маблағи 3 млн. 676 ҳазору 826 сомонӣ иҷро карданд.
Аз ҷумла дар ВМКБ корҳо ба миқдори 1014 адад ба маблағи 1 млн. 332 ҳазору 152 сомонӣ иҷро гардиданд, ки аз он 611 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (935637 сомонӣ), 325 адад барӯйхатгирии техникии тағйироти ҷорӣ (359860 сомонӣ) ва 78 адад дигар намуди корҳо (36654 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд корҳо ба миқдори 10944 адад ба маблағи 12 млн. 254 ҳазору 225 сомонӣ иҷро шудааст, ки аз он ба 5026 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (6307684 сомонӣ), 3104 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ ( 4661884 сомонӣ) ва 2814 адад дигар намуди корҳо (1284657 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон корҳо ба миқдори 11564 адад ба маблағи 10 млн. 418 ҳазору 349 сомонӣ иҷро карда шудааст, ки аз он 6051 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (6691427 сомонӣ), 3110 адад барӯйхатгирии техникии тағйироти ҷорӣ (3151068 сомонӣ) ва 2403 адад дигар намуди корҳо (575853 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Дар ШНТҶ корҳо ба миқдори 20988 адад ба маблағи 15 млн. 770 ҳазору 468 сомонӣ иҷро карда шудааст, ки аз он 7252 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (7676287 сомонӣ), 7283 адад корҳои барӯйхатгирии техникии тағйироти ҷорӣ (6314519 сомонӣ) ва 6453 адад дигар намуди корҳо (1779662 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта корҳои барӯйхатгирии техникӣ 863 адад зиёд иҷро шудаст.
Почтаи электронии Корхона info@registr-ni.tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ доимо фаъол буда, тавассути онҳо мактубҳои воридотӣ ва ҳисоботи даврӣ қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол карда мешаванд.
Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Корхона тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Тартиби коргузорӣ бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №276 аз 01.06.17), Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.25, №355) ва Дастурамали коргузории КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва корхонаҳои тобеи он (фармони директори КВД “БММҒ” №49 аз 06.02.19) ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати иҷрои банди 11-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.25, №1 оид ба таъмин намудани фаъолияти самараноки гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳо, санаи 19.02.25 Корхона ба “Низоми ягонаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо”, ки аз тарафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пайваст гардид.
Шурӯъ аз санаи 10.04.25 муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо дар воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказии Корхона пурра тариқи низоми мазкур амалӣ карда мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ корҳои омӯзишӣ ва пайвастшави ба Низоми ягонаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар КДФ “БММҒ” шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Норак ва Файзобод, ва вилояти Хатлон ба итмом расида, мавриди истифода қарор дорад.
Низоми ягонаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар тамоми корхонаҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ давра ба давра то охири сол роҳандозӣ карда мешавад.
Дар нимсолаи 1-уми соли 2026 ҳуҷҷатҳои воридотии Корхона ҳамагӣ 2255 ададро ташкил дод.
Аз ҷумла 56 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон, 139 адад супоришу протоколҳои Сарвазири Тоҷикистон ва муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва муовинони ӯ, 37 адад барқияҳо, 717 адад ҳуҷҷатҳои воридоти аз вазорату идорҳо, 42 адад аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (хаттӣ – 31 ва шифоҳӣ – 11 адад), 616 адад аз ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ, ва 648 хулосаҳои вазорату идораҳо.
Хулосаҳои вазорату идораҳо ворид гардида, барои корбарӣ ба шуъбаи таҳияи парвандаи заминсозии Корхона равона карда шуданд. Мактубу дархостҳо ва муроҷиатҳои воридшуда тибқи қонунгузории амалкунанда дар муҳлати муайянгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба муроҷиаткунандаҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд.
Дар сомонаи Корхона муроҷиати электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷой дода шудааст, ки он ба таври худкор ба почтаи электронии info@registr-ni.tj ирсол мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи 170 адад фармоиши директори Корхона оид ба корҳои истеҳсолӣ, рухсатии меҳнатӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ, ба кор таъин, озод намудан ва ҳавасмандкунии кормандон таҳия ва ба тасвиб расидааст.
Гурӯҳи кории муштарак оид ба амалисозии “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин ва маълумотҳои ҷуғрофӣ” рӯзи 09.06.2026 дар ҳайяти 7 нафар ташриф оварданд.
Гурӯҳи корӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи гурӯҳи кориро оид ба имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷонибаӣ байнисоҳавиро муҳокима намуда, аз Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғапйриманқул” дидан карданд.
Ҳамзамон Гурӯҳи корӣ ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Институти лоиҳакашии тадқиқотии “Фазо” , Корхонаи воҳиди давлатии “Фабрикаи харитасозӣ”, Институти давлатии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” ташриф оварданд.
Бо фармоиши директори Корхона аз 10.04.2026, №95 Нақша чорабиниҳо бахшида ба “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худошиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намудани соли 2026 тасдиқ гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.22, №305 тасдиқ карда шудааст, корҳои таъмирию сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ аҷом дода шуданд.
Дар соли 2022 биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ш. Шоҳин, Хуҷанд, Айнӣ ва Хуросон, дар соли 2023 - дар ноҳияи Роштқалъа, дар соли 2024 - дар ноҳияи Ховалинг ва дар соли 2025 - дар ноҳияи Варзоб сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Айни замон ҳамагӣ 55 биноҳои маъмурии ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ дар тавозуни КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" қарор доранд.
Бояд зикр намуд, ки дар давраи муттаҳидшавии корхонаҳои тобеи КВД “Марказ-Замин” ва корхонаҳои фаръии бақайдгирии техникии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” танҳо 16 корхона бо бинои маъмурӣ таъмин буданд.
Дар КВД “БММҒ ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар нимсолаи 1-уми соли 2026 корҳои сохтмонӣ ба маблағи 508116 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки аз он сохтмони асосӣ 77700 сомонӣ, сохтмонӣ иловагӣ 9000 сомонӣ ва таъмири ҷорӣ 421416 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботи ба маъюбон, шахсони бесаробон, камбизоатон ва дигар чорабиниҳои хайриявӣ ба маблағи 389074 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд. Аз ҷумла дар корхонаҳои вилояти Суғд – 157395, ВМКБ- 28434, Хатлон- 129555, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе - 68690 сомонӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ корҳои ободонӣ дар КВД “БММҒ” ва ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ 758599 сомониро ташкил дод.
Аз ҷумла дар корхонаҳои вилояти Суғд – 45830, ВМКБ – 4500, Хатлон – 99541 ва ШНТҶ –81362 сомонӣ ва дар дастгоҳи КВД “БММҒ” 527366 сомониро ташкил дод (барои бунёди боғу токзор ва бо симтӯр иҳота намудани майдони 7,0 га қитъаи замин дар маҳаллаи “Ховарон”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 377366 сомонӣ ва харидории намудани трансформатор барои корхона дар ноҳияи Ховалинг 150000 сомонӣ).
Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони директори Корхона аз 12.04.22, №78 тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии Корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ, кормандони дастгоҳи марказии КВД “БММҒ” ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо дар маъракаи таҷлили идҳои умумимиллӣ ва корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ муташаккилона ширкат меварзанд.