КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"



НАМУДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ БАРӮЙХАТГИРИИ ТЕХНИКИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ:

  • 1. Тайёр намудани шиносномаи техникии асосӣ (ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирии техникии асосӣ нисбати молу мулки ғайриманқул);
  • 2. Тайёр намудани шиносномаи техникии тағйироти ҷорӣ (ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирии техникии тағйироти ҷорӣ, нисбати тағйирёбии тавсифи молу мулки ғайриманқул, гузариши ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, тақсимшавӣ, хориҷшавӣ ва якҷояшавии молу мулки ғайриманқул);
  • 3. Додани нусхаи шиносномаи техникӣ аз асл ҳангоми гум шудан, дар сухтор нобуд шудани шиносномаи техникӣ ва дигар ҳолатҳо;
  • 4. Додани хулосаи техникӣ нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқул барои эътирофи соҳибҳуқуқӣ ва дигар ҳолатҳо;
  • 5. Иваз намудани шиносномаи техникӣ бинобар сабаби фарсуда шудани он ва гузаштани мӯҳлати амали он;
  • 6. Аз эътибор соқит намудани шиносномаи техникӣ (қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул (бартарафшуда), дар асоси санади судӣ ё дигар мақомотҳои дахлдор).
Барои тайёр намудани шиносномаи техникӣ соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда (ё намояндаи ваколатдори он) ба ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
  • - ариза (дархост) барои тайёр намудани шиносномаи техникӣ (дар ҳолати гузаронидани барӯйхатгирии асосӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии ҷорӣ);
  • - ариза (дархост) барои гузаронидани тағйироти ҷорӣ дар шиносномаи техникӣ (дар ҳолати гузаронидани тағйироти ҷорӣ);
  • - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда;
  • - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси ваколатдор (дар ҳолати муроҷиат намудани шахси ваколатдор);
  • - ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда оид ба пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;
  • - пардохт дар бораи ҳаққи хизматрасонии ташкилоти бақайдгирии давлатӣ дар ҳаҷми на камтар аз 30 фоиз (бо қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2019, №98 тағйирот ворид карда шуд).