КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"



Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 88 аз 02.03.13 «Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Марказ-Замин» бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шакли муттаҳидсозӣ таъсис дода шуданд.

Дар асоси фармони директори КВД «Бақайдгириии молу мулки ғайриманқул» аз 25.12.2014, №269 «Дар бораи таъсис додани корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» аз 2 январи соли 2015 дар ҷумҳурӣ 64 корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ ба фаъолият оғоз намуданд.

Баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” корхонаҳои давлатии фаръи «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» аз 2 январи соли 2016 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро дар равзанаи ягонаи ҷумҳуриявӣ оғоз намуданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он дар доираи салоҳияти худ корҳои вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро ба анҷом мерасонад, аз ҷумла:

  • - бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи молу мулки ғайриманқул;
  • - пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, инчунин ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул;
  • - истифодабарии якумраи меросии (бемӯҳлат, мӯҳлатноки) қитъаи заминбо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан;
  • - иҷора ваиҷораи фаръии қитъаи заминба муддати зиёда аз як сол;
  • - пешбурди хоҷагидорӣ;
  • - идоракунии ваколатӣ;
  • - идоракунии оперативӣ;
  • - иҷора ва иҷораи фаръӣ ба муддати зиёда аз як сол, беподош истифода бурдани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, бинои ҷудогона;
  • - шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул (ипотека), сервитут, ҳабс;
  • - муқаррар намудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи эътирофи он ҳамчун объекти мероси фарҳангӣ;
  • - муқаррар намудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи хизматрасонии хати барқгузар, қубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисӣ;
  • - дигар ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо мақсади бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул Корхона ва корхонаҳои тобеи он корҳои таҳияи парвандаҳои заминсозӣ оид ба додан ва вобаста намудани қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; амалӣ намудани корҳои таҳқиқоти топографӣ-геодезӣ; тартиб додани нақшаҳо ва харитаҳои кадастрӣ; барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул; таҳияи шиносномаи техникӣ ба молу мулки ғайриманқулро ба анҷом мерасонанд.

Тасдиқи бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбии молу мулки ғайриманқул, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад.