КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"



Фаъолияти КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои фаръии тобеи он дар семоҳаи якуми соли 2024


 

МАЪЛУМОТ

оид ба натиҷаи фаъолияти КВД «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул»

ва корхонаҳои фаръии тобеи он дар семоҳаи 1-уми соли 2024

 

Корхонаи воњиди давлатии «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» дар давраи њисоботї фаъолияти худро дар асоси ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, Ҳукумати Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезї, Оиннома ва наќшаи кории Корхона ба роњ монда, корњои назаррасро ба анљом расонид.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон №АП-484 аз 05.01.24 Наќшаи  чорабинињои КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2023  «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориљии Ҷумњурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, таҳия ва бо фармони директори Корхона №26 аз 18.01.24 тасдиқ гардид. Тибқи банди 3-и фармони мазкур директорони корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро таҳияю тасдиқ намуда, иҷрои онро таъмин намоянд ва оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар семоҳа ба КВД “БММҒ” ахбор манзур намоянд.

Тибқи ахбори пешниҳоднамудаи корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, дар корхонаҳо маҷлисҳои умумии коллективӣ оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориљии Ҷумњурии Тоҷикистон» баргузор гардиданд. Ҳамзамон, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо КВД “БММҒ” ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар реҷаи видеоконференсия вохӯриҳо бо коллективи корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар ВМКБ (24.01.24), вилояти Хатлон (06.02.23), вилояти Суғд (07.02.23) ва КВД “БММҒ ва корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (09.02.23) баргузор намуданд. Аз натиҷаи баргузории ҷаласаҳо протоколҳо тартиб дода шуда,  дар ин бора ахбори намояндагӣ дар вилоятҳо ба КВД “БММҒ пешниҳод карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дохилиидоравии КВД “БММҒ” барои соли 2024 оид ба таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси замимаи 2-и фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо фармони директор Корхона аз 05.01.24, №7 тасдиқ гардид. Корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки нақшаи кории дохилиидоравии идоравиро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро таъмин намоянд.

Дар самти вусъат додани фаъолият ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, инчунин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии кормандони соҳа, аз ҷониби масъулини шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ чораҳо андешида мешаванд.

Баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, пешгири намудани омилҳои коррупсионӣ ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва тартиби коргузорӣ бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 21-22 феврал ва 14-15 марти соли ҷорӣ бо кормандони корхонаҳои минтақавии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳои ВМБК ва вилоятҳои Хатлону Суғд, вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) видеоконференсия баргузор гардид.

Дар сомонаи Корхона қисмати муроҷиати электронӣ барои арзу шикоят ва дархосту муроҷиатҳои  шаҳрвандон вобаста ба фаъолияти соҳа ташкил карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба хизматрасонӣ дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он “Маркази ягонаи тамос” таъсис дода шудааст. Ҳамзамон ҷиҳати тарғиби оммавии зиддикоррупсионӣ тавассути матбуоти даврии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ - маҷаллаи “Сарзамин” маводҳо интишор карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586 аз 22.06.23Дар бораи тадбирҳои вусъатдодани  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣаз тарафи роҳбарияти КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати муҳайё намудани шароит ва таҷҳизоти зарурии қабул ва пардохти ғайринақдии муздноки давлатӣ дар Корхона нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷрои фармони  мазкур тасдиқ ва комиссияи дохилиидоравӣ бо фармони директори КВД “БММҒ аз 05.10.23, 282 таъсис дода шуд.

Роҳбарияти КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” бо намояндагони ширкат ва бонкҳои дахлдор вобаста ба ҷорӣ намудани пардохти ғайринақдии (электронии) маблағи хизматрасониҳо дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳои судманд ба анҷом расониданд. Дар заминаи ҳамкорӣ бо КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Алифбонк”, Бонки байналмиллалии Тоҷикистон, Душанбе Сити Бонк ва ҶСК “Бонки Эсхата” дар барномаҳо ва ҳамёнҳои мобилӣ, номгуи хизматрасониҳои муздноки соҳа барои пардохти ғайринақдӣ ҷойгир карда шуданд. Корхонаҳои фаръии тобеъ бо таҷҳизотҳои зарурии қабул ва пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои муздноки соҳа - ПОС-терминалҳо ва аксари корхонаҳо бо QR-рамзҳо таъмин гардида, маблағи пардохти хизматрасониҳо ва хироҷ ба буҷет дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути онҳо амалӣ карда мешавад.

Дар моҳҳои феврал-март аз тарафи комиссияи дохилиидоравии КВД “БММҒ раванди муҳайё намудани таҷҳизоти зарурии қабул ва пардохти ғайринақдии маблағи хизматрасониҳо дар корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон санҷида шуда, санадҳои дахлдор ва суратгузоришҳо тартиб дода шуданд.

Руйхати хизматрасониҳои муздноки соҳа барои таҳияи Феҳристи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Вазорати адлия пешниҳод гардидааст. Номгӯй ва арзиши ҳама  намуди хизматрасониҳои  давлатие, ки аз тарафи КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои фаръии тобеи он ба иҷро расонида мешавад, дар сомонаи Корхона дар суроғаи www.baqaydgiri.tj ҷойгир карда шудааст.

Барои дар низоми Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷорӣ намудани таъмини пардохти ғайринақдии маблағии хизматрасониҳои соҳа, байни КВД “БММҒ ва ҶСП “Пардохти ҳушманд” шартномаи муштарак оид ба хизматрасонии таъминоти барномавӣ 15-08/23 аз 15.08.23 ба имзо расид. Тибқи уҳдадориҳои шартнома ҶСП “Пардохти ҳушманд” бояд дар низоми Корхона, автоматикунонии муомилоти ҳуҷҷатҳо вобаста ба пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои музднок, қабул ва интиқоли корҳои хизматрасониҳои музднокро бо ёрии системаи пардохтҳои ғайринақдии бонкҳои шарики  ҶСП “Пардохти ҳушманд” ба роҳ монад.

Дар ин замина барои содда ва осон гардонидани системаи биллингии мутаммарказ барои пардохти хизматрасониҳо, назорати пардохтҳо ва васл намудани системаи иттилоотии Корхона ба барномаи ширкати мазкур, иҷрои корҳо тибқи шартномаи муштарак ба анҷом расида, аз санаи 29.03.24 барномаи тестӣ ба роҳ монда шудааст. Мутахассисони Корхона дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони ҶСП “Пардохти ҳушманд” кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки низоми мазкурро дар семоҳаи дуюми соли 2024 дар реҷаи “асосӣ” мавриди истифода қарор диҳанд.

Барои амалисозии босамари «Барномаи давлатии рушди соњаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон 378 аз 29.07.22 тасдиқ гардидаст, аз тарафи Корхона чораҳои саривақтӣ андешида шуд. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи мазкур маблағи умумии он 10 млн.600 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад, ки манбаи маблағгузории он аз ҳисоби ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо 8 млн.900 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби сармоя ва дигар сарчашмаҳо 1млн.700 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи нақшаи амалигардонии Барнома маблағи иҷрои корҳои сохтмонӣ ва харидории таҷҳизот дар соли 2022 - 1 млн. 550 ҳазор сомонӣ (14,6% аз маблағи умумӣ) ва дар соли 2023 – 2 млн. 50 ҳазор сомонӣ (20,5%) аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2022  маблағи иҷрои корҳои сохмонии биноҳои маъмурии корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ – 6 254 922 сомонӣ ва таҷҳизоти харидоришуда 1 215 224 сомониро ( таҷҳизоти муосири геодезӣ- 35810 сомонӣ ва компютерӣ- 1 179 414 сомонӣ) ташкил дод. Дар умум маблағи иҷрои корҳои сохмонии биноҳои маъмурӣ ва таҷҳизоти харидоришуда 7 470 146 сомонӣ ё 482%-ро ташкил дод.

Дар соли 2023 маблағи иҷрои корҳо ва таҷҳизоти харидоришуда 6 905 418 сомонӣ (337%), аз он иҷрои корҳои сохмонии биноҳои маъмурии корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ – 3 502 062 сомонӣ, харидории таҷҳизоти муосири геодезӣ- 361 672 сомонӣ, таҷҳизоти компютерӣ- 1 298 684 сомонӣ, серверҳо ва дигар намуди таҷҳизот- 1 743 000 сомонӣ ташкил дод.

Барои солҳои 2022-2023 дар умум нақшаи иҷрои корҳои сохтмонӣ ва харидории таҷҳизоти геодезию компютерӣ маблағи 3 600 000 сомонӣ муқаррар гардида буд, тайи ин давра иҷрои корҳои сохмонӣ ва харидории таҷҳизот маблағи 14375564 сомонӣ ё 460% ташкил дод.

Бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқии қонунгузории соҳа, шӯъбаи ҳуқуқи Корхона дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатӣ вобаста ба таҳия ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро ба танзим медароранд, корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар давраи ҳисоботӣ ба  якчанд лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таклифу дархостҳо ба Кумитаи давлатӣ пешниҳод гардиданд.

      Барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) мавриди истифода қарор дошта, ҳамагуна амалиёти бақайдгирӣ дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад. Амалиёти бақайдгирии объектҳои молу мулки ғайриманқули ноҳияи Мурғоб тавассути барномаи мазкур дар корхонаи бақайдгирии шаҳри Хоруғ анҷом дода мешавад.

Дар барномаи СХБТ ва сомонаи Корхона (www.baqaydgiri.tj) панҷ намуди феҳристҳо (объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда, бақайдгирии шартномаҳои гарав, ҳабси молу мулки ғайриманқул, парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ) ҷой дода шудаанд. Феҳристҳои  мазкур ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) дастрас буда, онҳо метавонанд маълумоти заруриро нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда ройгон пайдо намоянд.

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  72 аз 02.03.23 “Дар бораи Номгӯйи хизматрасониҳои давлатие, ки бояд муносиб ва автоматӣ гардонида шаванд ва муҳлати ба шакли электронӣ гузаронидани онҳо”, тибқи рӯйихати пешниҳодгардида барои рақамикунонии хизматрасониҳои соҳа  дар заминаи барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” (СХБТ) ҳамчун модулҳои алоҳида омода намудани парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ ва инчунин бознависии барномаи электронии СХБТ аз тарафи мутахассисони шуъбаи ТИК супориши техникӣ таҳия гардид.

 Дар ин замина байни КВД «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» ва КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз”-и назди Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ қарордоди №509809 аз 04.01.24 вобаста ба коркарди таъминоти барномавӣ барои бознависии барномаи электронии СХБТ ва таҳияи модулҳои иловагӣ ба имзо расид.

Дар марҳилаи аввал барномасозон дар якҷоягӣ бо мутахассиони Корхона ҷиҳати шиносоӣ бо рафти иҷроиши кор дар маҳал аз корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ ва Ҳисор боздид намуданд. Баъд аз шиносоӣ бо раванди иҷроиши корҳо дар самти омода намудани парвандаҳои заминсозӣ ва таҳияи шиносномаҳои техникӣ, барномасозон формаҳои (шакли) пешакии равзанаҳои қабули ариза ва ворид намудани маълумотҳоро барои модулҳои мазкур таҳия намуда, барои мувофиқа ба роҳбарият ва мутахассисони Корхона пешниҳод намуданд. Айни замон дар асоси пешниҳоди роҳбарият ва мутахассисони Корхона барномасозон корҳоро идома дода, ҷиҳати мувофиқа намудани корҳои иҷрошуда бо мутахассисон мунтазам вохӯриҳо мегузаронанд. Корҳои хизматрасонии тибқи қарордод ба нақша гирифташуда дар назар аст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Дар доираи таҷдиди инфрасохтори серверҳо ва таҷҳизоти шабака дар бинои марказӣ, насб ва танзими серверҳои нав, ташкили системаҳои виртуалӣ (виртуализатсия), насби системаҳои амалиётӣ ва барномаҳои зарурӣ, азнавсозии сохтори шабака кӯчонидани маълумот аз серверҳои пешина ба серверҳои нав, танзим ва насби онҳо дар соли 2023 пурра ба анҷом расид.

      Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони шӯъбаи ТИК мунтазам рафти ворид намудани маълумотҳоро дар барномаи “Бойгонии электронӣназорат намуда ҷиҳати дуруст ва пурра ворид намудан ва ислоҳ намудани хатогиҳо ба кормандони бойгониҳо маслиҳатҳо ва ёрии амалии худро расониданд.

Барномаи “Бойгонии электронӣ” дар соли 2021 таҳия гардида, мавриди истифодаи асосии 62 адад КДФ “БММҒ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Айни замон ҳамаи маълумоти бойгониҳои КДФ “БММҒ дар шаҳру ноҳияҳо дар шакли электронӣ мутамарказ гардонида шудаанд. Маълумотҳои бойгонӣ ба зердомени boygoni.sabt.tj пайваст гардида, мутахассисон тариқи зердомени мазкур ба барнома дастрасӣ пайдо менамоянд.

 Бояд қайд намуд, ки маълумот оид тағйирот ба объектҳои молу мулки ғайриманқули нав бақайдгирифташуда ба таври худкор ба барнома ворид мешаванд. Корҳои ислоҳкунӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар маълумотҳои воридшуда ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони Корхона саривақт анҷом дода мешаванд. Инчунин дар сомонаи Корхона муроҷиати электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷой дода шуд, ки он ба таври худкор ба почтаи электронии info@registr-ni.tj ирсол мегардад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва босифат ташкил намудани алоқаи видеоӣ аз тарафи КВД ”БММҒ” чораҳои саривақтӣ андешида шуда, Корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо бо интернети баландсуръат таъмин гардида, барнома ва таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба истифода дода шуд. Шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли 2020 конференсияҳо, ҷаласаҳо ва семинарҳои омӯзишӣ бо корхонаҳои фаръии тобеъ дар пойгоҳи барномаи “Zoom” мустақим (онлайн) баргузор мешаванд.

Бо мақсади тақвият додани раванди баргузории видеоконференсияҳо ва семинарҳои омӯзишӣ бо кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳо, нақшаи гузаронидани  вебинарҳои омӯзишӣ барои соли 2024 таҳия ва бо фармони директори КВД “БММҒ №24 аз 17.01.24 тасдиқ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ вебинарҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида, аз тарафи муовинони директор ва мутахассисони дастгоҳи марказии Корхона вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, заминсозӣ, баруйхатгирии техникӣ, истифодаи нархномаҳои хизматрасонӣ ва барномаҳои электронии соҳавӣ,  бо кормандони корхонаҳои фаръии тобеъ баргузор гардиданд.

Геопортали молу мулки ғайриманқул, ки бо қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз 04.03.20, 32 тасдиқ гардидааст, маълумотҳои фазоӣ ва харитавии молу мулки ғайриманқули ҳудуди минтақаҳои кадастрии шаҳри Душанберо дарбар гирифта, тавассути сомонаи Корхона (www.baqaydgiri.tj) ва дар суроғаи geoportal.tj дастраси мустақими инфиродӣ қарор дорад. Айни замон геопортали молу мулки ѓайриманќул танњо дар КДФ “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул” дар шањри Душанбе фаъолият дошта, дар давраи ҳисоботӣ ба он 88074 адад объектҳои молу мулки ғайриманқул ворид карда шудаанд.

        Дар давраи ҳисоботӣ аз љониби корхонањои минтақавии бақайдгирӣ дар умум – 11524 адад парвандањои заминсозї, аз ҷумла дар вилояти Суѓд – 2566 адад , вилояти Хатлон – 4591 адад, ВМКБ - 321 адад ва шаҳру ноњияњои тобеи љумњурї – 4046 адад омода карда шудаанд. Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2023 (11154 адад) – 370 адад парвандањои заминсозї зиёд омода гардидаанд.

        Бо маќсадии пешгирии ба кор ќабул шудани мутахассисони ѓайриихтисос дар корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар шањру ноњияњо, тибқи фармони директори КВД «БММҒ» аз 11.05.21, №159, фењристи электронии кормандони соҳаи заминсозӣ ва барўйхатгирии техникї тартиб дода шуда, мунтазам тањти назорат ќарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии мутахассисони соҳаи заминсозӣ дар корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ - 467 нафарро ташкил медиҳад, ки ихтисоси 96 нафари онњо ба дастурамали вазифавї мутобиќат намекунад. Аз рўи маълумотњо 22 нафари онҳо ба корхонањои минтаќавии шањру ноњияњои вилояти Суѓд, 35 нафар ба вилояти Хатлон, 6 нафар ба ВМКБ ва 33 нафар ба шањру ноњияњои тобеи љумњурї рост меояд.

        Ҷиҳати иҷрои банди 12-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии рушди соњаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он барои солҳои 2022-2026” вобаста ба харидорӣ намудани таҷҳизоти муосири геодезӣ (GPS),  дар семоҳаи 1-уми соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Ёвон, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Исфара ва Ҷ.Расулов дар умум 9 адад, таҷҳизоти муосири геодезӣ (GPS CHCNav-i73+)-и ширкати байналмиллалии CHCNav-и давлати Чин харидорӣ гардид. Дар ин замина мутахассисони шӯъбаи заминсозии Корхона ва ширкати мазкур бо мутахассисони корхонаҳои зикргардида курси омўзишии истифодабарии таҷҳизоти GPS ва коркарди маълумотњои он дар барномаи харитасозии Arc GIS  баргузор намуданд. Айни замон 15 адад таҷҳизоти муосири геодезии GPS дар корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ мавриди истифода қарор доранд.

Бо маќсади такмили дониши мутахассисони соњаи заминсозї курсҳои омўзишї оид ба тањияи парвандањои заминсозї, истифодаи нархномањои хизматрасонї, пешбурди харитаҳои навбатдорї (кадастрї) ва экспертизаи њуљљатњои заминсозї дар Маркази омўзишии Корхона дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар  ҳамкорӣ бо намояндагони “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”- и ташкилоти USAID бо иштироки 45 нафар мутахассисони соњаи заминсозии 13 корхонањои бақайдгирӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардиданд.

Дар семоҳаи 1-уми соли ҷорӣ ба Корхона 33 адад парвандаҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид.

Аз онҳо баъд аз ташхиси техникї бинобар сабаби љой доштани камбудињо 7 адад парвандаи заминсозї бозпас гардонида шуда, 23 адад парванда дар мувофиќакунонї бо вазорату идорањои дахлдори љумњурї ќарор дошта, 2 адад барои баррасї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод гардида, 1 адад дар баррасӣ қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ - 7 адад лоињањои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардида, айни замон 24 адад парвандањои заминсозї ва лоињањои қарор (22 адад аз солњои қаблӣ ва 2 адад аз соли 2024) дар баррасии  Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор доранд. Айни њол 39 адад (16 адад аз солњои қаблӣ ва 23 адад аз соли 2024) парвандаи заминсозї дар њолати мувофиќакунонї бо вазорату идорањои дахлдори љумњурї ќарор доранд.

Дар семоҳаи 1-уми соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои  минтақавии бақайдгирӣ 8143 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (вилояти Суғд – 2049, ВМКБ – 234, вилояти Хатлон – 3247, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2613), аз он 802 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (вилояти Суғд – 277, ВМКБ – 27, вилояти Хатлон – 376, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 122), 28 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ (вилояти Суғд – 1, ВМКБ - 6, вилояти Хатлон – 14, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7), 6079 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (вилояти Суғд – 1328, ВМКБ – 99, вилояти Хатлон – 2511, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2141),  147 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ   (вилояти Суғд – 72, ВМКБ – 8, вилояти Хатлон – 24, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 43), 1087 адад дигар намуди қитъаҳои замин (вилояти Суғд – 371, ВМКБ – 94, вилояти Хатлон – 322, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 300 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин давра 15388 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, аз ҷумла ҷудогона ва иншоот, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 4068, ВМКБ – 410, вилояти Хатлон – 3646, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7264 адад ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Инчунин 1183 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои ҳуқуқ) ба молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд – 284, ВМКБ – 103, вилояти Хатлон – 250, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 546), 28 адад қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул (Суғд- 8, ВМКБ- 0, Хатлон- 4, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 16 адад), 614 адад қатъи маҳдудиятҳои гарониҳои ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд- 152, ВМКБ – 1, Хатлон – 142, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 319 адад)  ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Ҳамзамон, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он 7910 адад, аз он вилояти Суғд – 1568, ВМКБ – 144, вилояти Хатлон – 1324 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4874 адад иттилоот дода шуд.

Инчунин дар асоси моддаи 41 Ќонуни ҶТ «Дар бораи баќайдгирии давлатии молу мулки ѓайриманќул ва њуќуќњо ба он» аз ҷониби бақайдгирандаи КВД “БММҒ 2 адад амалиёти бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини объекти молу мулки ѓайриманќул анҷом дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои фаръии тобеъ иҷрои корҳои баруйхатгирии техникӣ бо шумораи 20023 адад, аз он 7832 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (вилояти Суғд – 1585, ВМКБ – 394, вилояти Хатлон – 2820, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3033 адад),  7826 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ (вилояти Суғд –  1986, ВМКБ – 101, вилояти Хатлон – 1265, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4474)  ва 4365 адад дигар намуди корҳо (вилояти Суғд – 1053, ВМКБ- 86, Хатлон – 915 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 2311 адад) анҷом дода шуд.

Почтаи электронии Корхона info@registr-ni.tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои фаръии тобеъ доимо фаъол буда, тавассути онҳо мактубҳои воридотӣ ва ҳисоботи даврӣ қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол карда мешаванд. Дар натиҷа сифат ва маҳсулнокии корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, доду гирифти ҳуҷҷату маълумотҳо баланд гардида дар муҳлати кӯтоҳтарин амалӣ карда мешаванд.

Коргузорї ва њуљљатнигорї дар Корхона тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи мурољиатњои шахсони воќеи ва њуќуќї”, Тартиби коргузорї бо мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №276 аз 01.06.17 тасдиќ гардидааст ва Дастурамали коргузории Корхонаи воњиди давлатии “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул” ва корхонањои тобеи он дар шањру ноњияњои ВМКБ, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї, ки бо фармони №49 аз 06.02.19, тасдиќ шудааст, ба роњ монда шудааст.

Дар семоҳаи 1-уми соли 2024 санадњои меъёрии њуќуќии Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон - 23 адад, супоришу протоколњои Сарвазири Љумњурии Тољикистон ва муовинони ў ва Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва муовинони ў - 53 адад, барќияномањо - 23 адад, аз муассисаю ташкилотњои мухталиф – 211 адад, ариза аз шахсони воќеї (14) ва њуќуќї (3) – 17 адад ба Корхона ворид гардида, онњо тибќи талаботи амалкунанда баррасї карда шуданд ва ё дар марњилаи баррасї ќарор доранд. Аз Корхона 180 адад ҷавоби мактубҳо ирсол карда шуданд. Мактубу дархостҳо ва муроҷиатҳои воридшуда тибқи қонунгузории амалкунанда дар муҳлати муайянгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба муроҷиаткунандаҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд. Тайи ин давра вобаста ба масъалаҳои корӣ 91 адад фармон ба тасвиб расид.

КВД «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» иљрои талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон»-ро зери назорати доимї ќарор дода, дар байни кормандони Корхона ва корхонањои фаръии тобеъ корњои фањмондадињї ва тарѓиботиро доимї ба роњ мондааст. Дар маљлисњои назоратии назди директор, маљлисњои љамъбастии ҳар семоња бо директорони корхонањои фаръии тобеъ ва њангоми сафарњои хизматию вохўрињо бо кормандони корхонањо иљрои њатмии талаботи ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», пешгирї ва роњ надодан ба шомилшавии љавонон ба гурўњњои эктремистї сўњбатњои алоњида гузаронида мешавад.

Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Љумҳурии Тоҷикистон №16/10-113 аз 20.05.22, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти кормандони Корхона дар донистани забони давлатӣ, ба роҳ мондани омӯзиши пурраю мукаммали Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Љумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, бо фармони №158 аз 20.06.22 комиссияи амалисозии қонуни зикргардида таъсис дода шудааст. Роҳбарияти Корхона кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки омӯзиши Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи забони давлатиро дар КВД “БММҒ ва корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо ба таври дилхоҳ ба роҳ монда, сатҳу сифати донистани забони адабии тоҷикӣ баланд бардорад.

Дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии “Телевизиони Ҷаҳоннамо” моҳи феврал аз раванди фаъолияти кории якчанд корхонаҳои давлатии фаръии Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, алалхусус оид ба таъмини иҷрои фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586 аз 22.06.23Дар бораи тадбирҳои вусъатдодани  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣҷиҳати амалӣ намудани пардохти ғайринақдии маблағи хизматрасониҳо дар корхонаҳо гузоришҳои телевизионӣ омода ва дар барномаи таҳлилии “Иқтисод” пахш гардиданд.

  Дар давраи ҳисоботӣ Корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17,  №АП-983 бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон, инчунин дигар чорабиниҳои хайриявӣ  саҳми худро гузошта, ба маблағи умумии  169772 сомонӣ, аз ҷумла корхонаҳо дар вилояти Суғд - 50879, ВМКБ - 11673, Хатлон –  59180, ШНТҶ –  45540 сомонӣ ва КВД “БММҒ- 2500 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расониданд.

Инчунин, аз тарафи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва кумитаҳои идораи замин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар арафаи Иди Наврӯз ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии  кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав тибқи дархости пешниҳодгардидаи муассиса, маводҳои беҳдоштӣ, рангҳои молиданӣ ва дигар таҷҳизот дастрас карда шуд.

 Бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони корхонаҳои давлатии фаръии «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» дар шаҳру ноҳияҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар маъракаи тозаю покиза намудани атрофи корхонаҳо ва маҳаллаю шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда муташаккилона ширкат варзида, корҳои кабудизоркуниро бо шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳо ба роҳ монданд. Шумораи ниҳолу гулу буттаҳои шинонидашуда тайи ин давра 31617 адад, аз он ниҳолҳои мевадиҳанда 6861 адад, сояафкан 8374 адад ва гулу буттаҳо 16382 ададро ташкил медиҳанд (ба ҳолати 04.04.24). Инчунин,  бо ташаббуси Корхона дар минтақаи истироҳатии воқеъ дар ноҳияи Варзоб 80 адад ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд.

Дар умум, аз тарафи КВД “БММҒ ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои ободонӣ ба маблағи 118282 сомонӣ, аз ҷумла корхонаҳо дар вилояти Суғд - 8544, ВМКБ - 500, Хатлон - 76138 ва  ШНТҶ - 33100 сомонӣ ба иҷро расиданд.

Барои фароҳам овардани шароити хуби кории кормандон, қабули шаҳрвандон ва дар сатҳи зарурӣ пеш бурдани раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ ва  Корхонаи воњиди давлатии «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Айни замон, аз шумораи умумии 64 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 57 корхона соњиби бинои маъмурии худї мебошад. Дар соли 2022 биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва КДФ “БММҒдар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ш.Шоҳин, Хуҷанд, Айнӣ ва Хуросон ва соли 2023 -  бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ дар ноҳияи Роштќалъа мавриди истифода қарор дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи бақайдгирӣ дар ноҳияҳои Варзоб таҳти назорати доимии роҳбарияти Корхона қарор дошта, корҳо тибқи сметаи сохтмонӣ идома дорад.

Дар семоҳаи 1-уми соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои фаръии тобеъ корҳои сохтмонӣ ба маблағи 260251 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки аз он сохтмони асосӣ маблағи 88000 сомонӣ, сохтмони иловагӣ – 28500 сомонӣ  ва таъмири ҷорӣ – 143751 сомонӣ  сомониро ташкил дод.