КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"



  • ШУЪБАИ БАҚАЙДГИРӢ

    Шуъбаи бақайдгирӣ дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

    - таъмин намудани риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

    - ширкат дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бақайдгирӣ, нархномаҳо барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва пешниҳод оид ба мукаммал гардонидани онҳо;

    - расонидани кӯмаки амалӣ ба бақайдгирандагонӣ корхонаҳои минтақавӣ дар раванди бақайдгирии давлатӣ;

    - иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани амалҳои ғайриқонунӣ дар раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

    - анҷом додани амалиёти бақайдгирии давлатии объектҳои таъиноти махсус, ҳуқуқ, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба онҳо, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бақайдгирӣ;

    - пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории соҳаи бақайдгирӣ;

    - иштирок дар комиссияҳо (гурӯҳҳои корӣ) оид ба ҳалли баҳсҳо нисбати бақайдгирии молу мулки ғайриманқул;

    - иштирок дар семинарҳо оид ба масъалаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

    - ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, аз ҷумла ташкил ва пешбурди Феҳристи электронии ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;

    - ташкили курсҳои омӯзишии довталабон ба ҳайси бақайдгирандаҳои корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ ва курсҳои такмили ихтиссоси бақайдгирандаҳо дар мувофиқа бо роҳбарияти корхона;

    - ҳамоҳангсозӣ бо шӯъбаҳои дахлдори корхона ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ оид ба гузаронидани аттестатсияи бақайдгирандагон;

    - пешбурди руйхати (феҳристи) бақайдгирандагони корхонаҳои минтақавии (ҷумҳуриявӣ) бақайдгирӣ;

    - гузаронидани санҷишҳо оид ба дурустии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии бақайдгирандагони корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ, тибқи «Дастурамал дар бораи назорати дурустии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии бақайдгирандагон №257 аз 17.06.2015»;

    - баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

    Рақами телефон: (37) 221 81 37
    Почтаи электронӣ: baqaydgiri@registr-ni.tj
    Сардори шуъба: Содиқзода Д.


    ШУЪБАИ ЗАМИНСОЗӢ

    Шуъбаи заминсозӣ дар доираи салоҳияти худ корҳои (вазифаҳои) зеринро амали менамояд:

    • - иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти заминсозӣ;
    • - таҳлили корҳои заминсозӣ;
    • - расонидани ёрии амалӣ ба корхонаҳои тобеъ дар таҳияи парвандаҳои заминсозӣ, истифодаи асбобҳои геодезӣ ва барномаи харитасозӣ (ArcGIS);
    • - назорати иҷрои супоришҳои директори корхона марбут ба заминсозӣ;
    • - санҷиши корҳои заминсозӣ дар шӯъбаҳои заминсозии корхонаҳои тобеъ;
    • - ташкили омӯзишҳо барои мутахассисони корхонаҳои тобеъ;
    • - ширкат дар гуруҳи корӣ, комиссияҳо ва экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ оид ба ҳалли баҳсҳо дар соҳаи заминсозӣ;
    • - баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
    • - таҳлили ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солонаи шуъбаҳои заминсозии корхонаҳои тобеъ.

    Рақами телефон: (37) 221 26 71
    Почтаи электронӣ: zaminsozi@registr-ni.tj
    Сардори шуъба: Аҳтамов А.


    ШУЪБАИ БАРӮЙХАТГИРИИ ТЕХНИКӢ

    Шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

    • - пешбурди фаъолияти корҳои барӯйхатгирии техникии корхонаҳои тобеъ тибқи тартиботи муқаррарнамудаи "Асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ";
    • - иштирок намудан дар таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти барӯйхатгирии техникӣ мутобиқи салоҳият ва вазифаи хизматӣ;
    • - амали намудани (татбиқ) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти барӯйхатгирии техникӣ дар корхонаҳои тобеъ;
    • - гузаронидани курсҳои омӯзишии мутахассисони корхонаҳои тобеъ дар самти барӯйхатгирии техникӣ (тайёр намудани нақшаҳои қитъаи замин ва нақшаҳои ошёнавӣ бо ёрии барномаҳои графикӣ, муайян намудани фарсоиши воқеӣ, истифодабарии аломатҳои шартӣ, таҳияи абриси нақшаи қитъаи замин ва нақшаи ошёнавӣ, тарзи муайянкунии литери объектҳои молу мулки ғайриманқул, тартиби ҳисоб намудани ихтилофи ҷоиз ва воқеӣ, тарзи баҳисобгирии сохтмонҳои худсарона, ғасби қитъаҳои замин ва дар ин хусус пешниҳод намудани ахборот ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);
    • - назорати корҳои барӯйхатгирии техникии корхонаҳои тобеъ, аз ҷумла иҷрои нақша, дурустии истифодабарии нархномаи хизматрасонӣ, пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳо, иҷрои қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нақшаву чорабиниҳо оид ба соҳа ва ба роҳбарият пешниҳод намудани маълумот;
    • - иштирок намудан дар ҳалли баҳсҳо доир ба мавҷудият, ҷой, таркиб, майдон, ҳолати воқеии молу мулки ғайриманқул;
    • - баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

    Рақами телефон: (37) 221 26 70
    Почтаи электронӣ: b.tekhniki@registr-ni.tj
    Сардори шуъба: Самадов Х.


    БАХШИ МОНИТОРИНГ

    Бахши мониторинг дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

    • - ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани мониторинги фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ оид ба иҷрои нақшаи корӣ, сифати анҷомдиҳии амалиётҳои хизматрасонӣ (бақайдгирӣ, корҳои заминсозӣ, баруйхатгирии техникӣ), пешбурди ҳисоботҳои ҷорӣ ва амалӣ намудани нархномаҳои хизматрасонӣ;
    • - таҳлили фаъолияти кории воҳидҳои КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (шуъбаҳо, бахшҳо, намояндагиҳо) ва ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар асоси ҳисоботҳои ҷории пешниҳодгардида ва додани тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаронокии фаъолияти онҳо;
    • - таҳияи маводҳои таҳлилӣ оид ба раванди амалигардонии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, инчунин тартиб додани нақша-чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ дар ин самт;
    • - мусоидат намудан дар таҳия ва татбиқи маҷмуи чорабиниҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба ташкили системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар ҷумҳурӣ;
    • - ширкат дар гуруҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, инчунин намунаи ҳисоботҳои КВД (КДФ) «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», нархномаҳои хизматрасонӣ ва пешниҳод оид ба мукаммал гардонидани онҳо;
    • - мусоидат намудан дар ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ (семинар, мизи мудаввар, машварат ва ғайра) марбут ба соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул;
    • - таҳлили ҳисоботи ҷамъбастии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (моҳона, семоҳа ва солона) оид ба бақайдгири давлатии молу мулки ғайриманқул, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ва намудҳои иттилооти додашуда аз Феҳристи ягона, баруйхатгирии техникӣ ва корҳои заминсозӣ, дар асоси ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи шуъбаҳои дахлдори Корхона, мутобиқи намунаи ҳисоботи тасдиқшуда;
    • - тартиб додани маълумот оид ба фаъолияти КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар асоси ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи шӯъбаҳои дахлдори Корхона ва пешниҳоди онҳо ба роҳбарияти Корхона;
    • - таҳияи маълумоти ҳафтаина оид ба натиҷаи фаъолияти Корхона ва таъмин намудани муроҷиаткунандагон бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва шиносномаҳои техникӣ ва пешниҳоди он ба роҳбарияти Корхона ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ;
    • - омода намудани маълумотҳо (семоҳа ва солона) оид ба маблағи воридшудаи пардохтҳои ҳатмӣ (хироҷ) ба буҷет барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тибқи талаботи боби 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2007, №546, пешниҳод намудани он ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ;
    • - ҷамъоварӣ, таҳлил ва хулосабарории маҷмӯаи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ;
    • - ҳамоҳангсозӣ бо шӯъбаҳои дахлдори Корхона, намояндагиҳо дар вилоятҳо ва ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ҷиҳати ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ;
    • - тартиб додани протоколҳои ҷаласаҳои назоратии назди Директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»;
    • - ҳамарӯза дастрас намудани муросилоти воридотӣ аз ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ва ирсол намудани мукотиботи содиротӣ тариқи почтаи электронии корхона;
    • - таҳияи нақшаи кории Корхона ва назорат оид ба иҷрои он.

    Рақами телефон: (37) 221 45 17
    Почтаи электронӣ: monitoring@registr-ni.tj
    Сардори бахши мониторинг: Худоиев М.


    ШУЪБАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ

    Шуъбаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи ваколатҳои худ чунин салоҳиятро дорад:

    • - иштирок намудан дар таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ТИК (технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ) мутобиқи салоҳият ва вазифаи хизматӣ;
    • - амалӣ намудани (татбиқи) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба ТИК (технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ) дар Корхона ва КДФ минтақавии бақайдгирӣ;
    • - таҳияи барномаҳои компютерӣ ва автоматикунонии раванди хизматрасониҳо ва корҳои Корхона;
    • - расонидани ёрии амалӣ дар омӯзиши мутахассисони Корхона ва корхонаҳои тобеи он оид ба барномаҳои компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои компютерие, ки истифода мешаванд;
    • - рушд ва такмили барномаи электронии "САБТ";
    • - назорат аз болои корхонаҳои тобеи КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" оиди дуруст ба роҳ мондани корҳои шуъбаи ТИК (технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ), аз ҷумла ташкили базаи электронӣ ва дигар барномаҳои ба раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул вобаста;
    • - ташкили барномаҳои омӯзиши барои мутахассисони Корхона ва корхонаҳои тобеъ дар доираи салоҳияти худ;
    • - санҷиши фаъолияти шуъбаи (бахш) ТИК (технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ) дар корхонаҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ.

    Рақами телефон: (37) 227-81-37
    Почтаи электронӣ: it@registr-ni.tj
    Сардори шуъба: Ҳакимов З.


    ШУЪБАИ ҲУҚУҚ

    Шуъбаи ҳуқуқ воҳиди сохтори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» буда, вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

    • - татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
    • - иштирок дар гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
    • - шарҳи мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилотҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
    • - расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
    • - иштирок дар комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ, семинарҳо;
    • - додани хулосаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаҳои санадҳои директори Корхона ва санадҳои директорони корхонаҳои тобеъ оид ба мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқи;
    • - иштирок доир ба масъалаҳои даъво оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулки ғайриманқул, бекор намудани сабтҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар судҳо;
    • - санҷиши фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо.

    Рақами телефон: (37) 221 45 16
    Почтаи электронӣ: huquq@registr-ni.tj
    Сардори шуъбаи ҳуқуқ: Қурбоналиев М.


    ШУЪБАИ КАДР ВА КОРГУЗОРӢ

    Шуъбаи кадр ва коргузорӣ дар доираи салоҳияташ корҳои зеринро анҷом медиҳад:

    • - расонидани ёрии амалӣ ба корхонаҳои тобеъ;
    • - ширкат варзидан дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
    • - таҳияи лоиҳаи санадҳои ҳуқуқии директори корхона;
    • - баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ;
    • - ширкат дар гузаронидани аттестатсияи кормандони корхонаҳои зертобеъ, довталабон ба ҳайси бақайдгиранда ва бақайдгирандаҳо;
    • - қабул ва бақайдгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
    • - ба қайд гирифтани мактубҳои содиротию воридотӣ;
    • - дастраси кормандон намудани супориши мақомоти болоӣ ва роҳбарият;
    • - омода намудани ҳуҷҷатҳо, барасмиятдарорӣ, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва нигоҳдории онҳо;
    • - назорат ва таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳо то замони ба бойгонӣ супоридан;
    • - назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти болоӣ;
    • - пешбурди китобҳои воридотию содиротӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
    • - назорати иҷрои санадҳои директори Корхона;
    • - назорати интизоми меҳнат, пешгирии муноқишаҳои меҳнатӣ дар корхона;
    • - барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирии ҳайати шахсӣ, пешбурди кори ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва додани ҳуҷҷатҳои кадрӣ;

    Рақами телефон: (37) 221 46 34
    Почтаи электронӣ: kadr@registr-ni.tj
    Сардори шуъбаи кадр ва коргузорӣ: Маҳмудов Р.


    ШУЪБАИ МУҲОСИБОТ ВА БАНАҚШАГИРӢ

    Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ дар доираи ваколатҳои худ чунин корҳоро амалӣ менамояд:

    • - амалӣ намудани (татбиқи) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи муҳосибӣ дар Корхона ва корхонаҳои тобеи он;
    • - ҷорӣ намудани тарзу усулҳои пешрафтаи баҳисобгирии муҳосибӣ тавассути истифодаи васеи воситаҳои техникию электронии ҳозиразамон;
    • - ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • - баҳисобгирии пурраи воситаҳои пулӣ, сарватҳои молию моддӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин инъикоси саривақтии онҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ;
    • - ҳисоби дурусти хароҷоти истеҳсолӣ, иҷрои сметаҳои хароҷот, иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дигар кору хизматрасониҳо, тартиб додани нархномаи ҳисоботии арзиши аслии кор ва хизматрасонии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кардашуда;
    • - тартиб додани ҳисоботи муҳосибии саҳеҳ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалия ва қайдҳои муҳосибӣ ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани он;
    • - таҳлили иқтисодии фаъолияти молиявию хоҷагии Корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ;
    • - назорат аз болои корхонаҳои тобеъ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ;
    • - иштирок намудан дар ҳалли баҳсҳо доир ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ғайриандозӣ;
    • - назорати иҷрои фармонҳои директори Корхона дар соҳаи муҳосибӣ;
    • - расонидани ёрии амалӣ ба сармуҳосибон ва муҳосибони корхонаҳои давлатии фаръӣ;
    • - санҷиши интихобии фаъолияти молиявии корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ бо супориши роҳбари корхона.

    Рақами телефон: (37) 221 46 29
    Почтаи электронӣ: i@registr-ni.tj
    Сардори муҳосибот ва банақшагирӣ: Юнусов Г.


    ШУЪБАИ ТАҲИЯИ ПАРВАНДАҲОИ ЗАМИНСОЗӢ

    Шуъбаи таҳияи парвандаҳои заминсозӣ дар доираи ваколатҳои худ чунин корҳоро амалӣ менамояд:

    • - гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегарданд;
    • - мувофиқакунонии парвандаҳои заминсозӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ;
    • - таҳти назорат гирифтани парвандаҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайриистеҳсолӣ аз ҳисоби заминҳои корами обӣ, иҷрои таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2000, № 335 "Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ";
    • - таъмини иҷроиши бандҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани қитъаҳои замин ва пешниҳоди парвандаҳои заминсозӣ барои ба қайди давлатӣ гирифтан ба Корхонаҳои давлати фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳру ноҳияҳо;
    • - баррасии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Корхона, мактубҳо, аризаҳо ва дигар хуҷҷатҳое, ки ба шуъба ворид мегарданд;
    • - пешниҳод намудани ҳисоботҳои шуъба (ҳар семоҳа, нимсола ва солона);
    • - пешниҳоди парвандаҳои заминсозӣ ва лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатӣ барои баррасии минбаъда.

    Рақами телефон: 
    Почтаи электронӣ: parvanda@registr-ni.tj
    Сардори шуъбаи таҳияи парвандаҳои заминсозӣ: Мирзо Н.