КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"



ХИЗМАТРАСОНИҲО ДАР САМТИ БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ

Номгӯи хизматрасониҳо барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ.

1. Номгуи хизматрасонии давлатӣ:

  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба қитъаи замин, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом ва бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона;
  • - додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом ва додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона ва додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба қитъаи замин, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом ва додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ;
  • - бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқомати ҷудогона ва додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ;
  • - бақайдгирии давлатии маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ;
  • - бақайдгирии давлатии қатъи маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ;
  • - додани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
  • - аз эътибор соқит намудан ва иваз намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
  • - додани машваратҳои ҳуқуқи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
  • - додани нусхаи ҳуҷҷатҳо аз парвандаи бақайдгирӣ тибқи муроҷиати соҳибҳуқуқон.

2. Мақоми давлатие, ки хизматрасониро пешниҳод менамояд:

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

3. Гирандагони хизматрасонии давлатӣ:

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

4. Шакли пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ:

Коғазӣ ва электронӣ

5. Макони пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ:

Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо.

6. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шахсони воқеӣ:

  • - аризаи шаҳрванд;
  • - ваколатнома;
  • - нусхаи РМА;
  • - нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
  • - ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда нисбат ба молу мулки ғайриманқул;
  • - расиди пардохти хизматрасонӣ;
  • - расиди пардохти ҳатмӣ ба буҷет.

7. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шахсони ҳуқуқӣ:

  • - мактуб/дархост;
  • - оинномаи корхона;
  • - шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;
  • - нусхаи РМА шахси ҳуқуқӣ;
  • - ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда нисбат ба молу мулки ғайриманқул;
  • - ваколатнома (дар ҳолати муроҷиат аз номи шахси ҳуқуқӣ);
  • - нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
  • - расиди пардохти хизматрасонӣ;
  • - нусхаи РМА шахси ваколатдор;
  • - расиди пардохти ҳатмӣ ба буҷет.
  • - ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақомоти давлатӣ.

8. Мӯҳлати пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ:

фаврӣ дар мӯҳлати то 2 рӯз, муқаррарӣ то 7 рӯз ва дар ҳолати ҳаҷми зиёди корӣ то 14 рӯз.

9. Натиҷаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ:

Тасдиқи бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад.

10. Реҷаи кории корхонаҳо:

Реҷаи кории корхонаҳо: аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа, аз соати 8 00 - 17 00.